ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Фармондеҳии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон эълом карда, ки қароргоҳи фармондеҳӣ ва бархе аз созаҳои пуштибонии ДОИШ-ро дар минтақаи Дайруззур мушкаборон кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Тасним", шаш адад мушаки миёнбурди "замин ба замин" аз пойгоҳи мушакии нерӯҳои ҳавофазоии Сипоҳи посдорон дар устонҳои Кирмоншоҳ ва Курдистон партоб шудаву аз ҳарими ҳавоии Ироқ гузашта "бо диққати бисёр боло ба созаҳои теруристҳо расидаанд".
Фармондеҳии Сипоҳи посдорон дар баёнияаш ин амалиётро "интиқом аз омилини ҳамлаҳои теруристӣ" ба Маҷлиси шурои исломии Эрон ва оромгоҳи оятуллоҳ Хумайнӣ хонда ва гуфтааст, ки он комилан муваффақиятомез буда ва хисороти бисёр фаровони ҷонӣ ва ҷангафзорӣ ба теруристҳо расондааст.
Сипоҳи посдорон эълом карда, ки "теруристҳои такфирӣ ва ҳомиёни минтақаӣ ва фароминтақаии онҳоро ҳушдор дода, ки дар сурати такрори иқдомоти палид ва шайтонӣ зидди миллати Эрон, хашми инқилобӣ ва шуълаҳои оташи интиқоми Сипоҳ, омилон ва мусаббибони онро дар бар хоҳад гирифт ва ҷинояткоронро ба сазои аъмолашон хоҳад расонд".
Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ, камубеш 360 доишӣ дар ин ҳамалот кушта шудаанд.