Нерӯҳои амниятии Эрон 41 теруристро шиносоӣ ва дастгир карданд

© REUTERS \ Tasnim News AgencyТеракт в Иране
Теракт в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати иттилоъоти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз боздошти 41 узви гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ хабар дод

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар иттилоъияе, ки ин ниҳод 9 июн мунташир карда, гуфта мешавад, ки дар паи амалиёти бозҷӯиву амниятӣ ва ҳамкории мардум дар устонҳои Кирмоншоҳ, Курдистон, Озарбойҷони Ғарбӣ ва Теҳрон 41 тан аз аъзои гурӯҳи теруристии ДОИШ шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Вазорати иттилоъот таъкид кардааст, ки ин афрод пеш аз ҳар гуна иқдом ва ҳамроҳ бо миқдоре аз асноду таҷҳизоти амалиёти теруристӣ боздошт шудаанд.

Бино ба охирин гузоришҳо, дар паи ҳамлаи аносири вобаста ба гурӯҳи теруристии ДОИШ ба Маҷлиси шурои исломии Эрон ва оромгоҳи оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон 17 кас кушта ва 52 кас захмӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0