Ясмина Алидодова ба хотири Аҳмад Зоҳир ба забони форсӣ хонд

© Фото : Из личного архива Ясмины АлидодовойЯсмина Алидодова, архивное фото
Ясмина Алидодова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ясмина Алидодова - овозхони навраси муқими Дубай, ки маъмулан бо забони англисӣ месарояд, суруди Аҳмад Зоҳир "Бевафо ёрам" - ро бо забони форсӣ иҷро кардааст

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ясмина ин сурудро дар рӯзи зодрӯзи овозхони машҳур шодравон Аҳмад Зоҳир сароидааст.

"Ман ин сурудро дар рӯзи зодрӯзи сарояндаи нотакрор Аҳмад Зоҳир ба ҳаводори ҳунари ӯ мебахшам. Вай дигар бо мо нест, вале сурудҳояш ҳамеша бо мо мемонанд", — навиштааст Ясмина дар саҳифаи фейсбукии худ ва афзудааст, ки ин нахустин сурудест, ки ӯ ба забони форсӣ иҷро намудааст ва он ҳам дархости волидонаш будааст, ки мухлисони ҳақиқии Аҳмад Зоҳиранд. 

Суруди "Бевафо ёрам" — ро Ясмина соле пеш сабт кардааст.

"Барои кӯмак ба Торяли Апеш изҳори миннадорӣ мекунам", — навиштааст Ясмина.

Ясмина Алидодова, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ясмина Алидодова: мехоҳам суруди Аҳмад Зоҳирро сароям

Аҳмад Зоҳир 38 сол пеш рӯзи 14 июл дар як ҳодисаи суолбарангез ба ҳалокат расид, вале то ҳанӯз бар қалби ҳазорҳо нафар ҳукмронӣ дорад.    

Қаблан Ясмина Алидодва дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки орзу дорад, суруди Аҳмад Зоир "Бевафо ёрам" — ро бисарояд.

Ясмина Алидодова овозхони навраси тоҷики муқими Дубай, ки ҳамагӣ 14 сол дорад, бо чанд забон суруд месарояду, халқи Дубайро мафтуни овози худ кардааст. Ӯ иштирокчии чандин озмунҳои байналмиллалӣ буда, дар зиндагии фарҳангии Дубай фаъолона ширкат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0