Ӯ дар даври интихобӣ, ки санаи 1,2, 10, ва 11-уми октябри соли равон баргузор шуда буд, ғолиб омада, дар ҳоли ҳозир ба даври ниҳоӣ, ки 10-уми декабри соли 2016 гузаронида мешавад, омодагӣ мебинад.
Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Ясмина қайд кард, ки мехоҳад дар оянда сароянда ва ҳунарпешаи касбӣ шавад.
Ясмина Алидодова бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва ҳиндӣ суруд месарояд, ва мегӯяд, ки сурудҳои сарояндаи барҷастаи араб Фейрузро меписандад. Ба синну соли кӯчакаш нигоҳ накарда, ӯ кӯшиш мекунад бо сабки Фейруз, ки яке аз сабкҳои мушкилтарини санъат ба шумор меравад суруд сарояд.
Дар баробари ин ӯ қайд мекунад, ки нақша дорад бо забони тоҷикӣ низ суруд хонад.
"Ман забони тоҷикиро медонам, вале каме машқ кардан лозим аст. Ман нақша дорам, ки дар оянда суруди Аҳмад Зоҳир "Бефаво ёрам" ва "Ту будӣ" аз Тахмина Рамазоноваро сароям",-изҳор дошт Ясмина.
Соли гузашта Ясмина дар озмуни байналмиллалии "Суперситораи Осиё", ки дар Мумбайи Ҳиндустон баргузор шуд, ширкат варзида аз байни 1500 иштирокчӣ ба шашгонаи беҳтарин овозхонони ин озмун дохил шуд. Ӯ дар озмун истеъдоди барҷастаи худро ҳамроҳи писар аз Филиппин нишон дода, номи Тоҷикистонро баланд бардошт.
"Ман дар ҳамаи озмунҳо аз номи Тоҷикистон ва ҳамчунин Дубай иштирок мекунам",-мегӯяд Ясмина.
Дар баробари сарояндаи машҳур буданаш Ясмина аз дасрҳои худ ақиб намемонад. "Вақти холии худро бо ёру дӯстон, аҳли оила ва китобхонӣ мегузаронам", мегӯяд Ясмина.
Сарояндаи наврас орзӯ дорад, ки дар оянда овозхон ва ҳунарпешаи касбӣ шавад ва бештар ба забони тоҷикӣ суруд сарояд.
"Аз байни овозхонони тоҷик ба ман бештар Ҷурабек Муродов, Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Тахмина Рамазонова ва Меҳрнигори Рустам писанд ҳастанд. Орзуи деринаи ман ин сароянда ва ҳунарпешаи касбӣ шудан аст",-мегӯяд ӯ.