Ҳушдори Амрико аз эҳтимоли рух додани амалиёти теруристӣ дар Тоҷикистон

© SputnikВид на посольство США в Душанбе. Архивное фото
Вид на посольство США в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Амрико дар Душанбе бар бораи эҳтимоли рух додани амалиёти ҳаросафканӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар иттилоъияе, ки барои шаҳрвандони Амрико мунташир карда, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад ҷангҷӯёни гурӯҳҳои теруристӣ дар Тоҷикистон амалиёти ҳаросафканӣ анҷом бидиҳанд.

"Ҳарчанд гурӯҳҳои созмонёфтаи теруристӣ дар ин авохир дар Тоҷикистон амалиёте анҷом надодаанд, вале эҳтимоли ин ки чунин амалиёте баргузор шавад, дар 6 то 12 моҳи ахир басе бештар шудааст", — гуфта мешавад дар ин иттилоъия, ки Дафтари амнияти диплумотики ВУХ ИМА мунташир кардааст.

Ин ниҳод ёдоварӣ кардааст, ҳаросафканон эҳтимолан шаҳрвандони Амрикоро ҳадаф хоҳанд гирифт.

Сафорати Амрико аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида дархост кардааст, ки дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳушёр бошанд, дар маконҳои холӣ аз сакана нагарданд ва аз ҷойҳое, ки издиҳом бошад, дурӣ ҷӯянд ва савори нақлиёти умумӣ ҳам нашаванд.

Сафорати Амрико пеш аз ин ҳам дар моҳҳои ноябр ва декабри порсол ҳушдор дода буд, ки эҳтимол аст теруристҳо шаҳрвандони Амрикоро ҳадаф бигиранд.

Лентаи хабарҳо
0