ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Узбакистон сарлашкар Абдусалом Азизов қарор аст дар сафаре расмӣ аз Тоҷикистон боздид кунад.
Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik ин хабарро таъйид кард.
Сарлашкар Абдусалом Азизов дар нишасти Шурои вазирони умури дохилаи Кишварҳои ҳамсуд ширкат хоҳад кард, ки қарор аст 27 — 29 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Вай дар раванди ин сафар ҳамчунин бо раҳбари Вазорати умури дохила ва дигар масъулини баландпояи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Сарлашкар Азизов дар моҳи январи соли 2017 вазири умури дохилаи Узбакистон таъйин шуда аст.
Ин нахустин сафари вазири умури дохилаи Узбакистон ба Тоҷикистон дар каму беш 20 соли гузашта хоҳад буд.