ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон дар нишасти сарони ниҳодҳои гумрукии кишварҳои ҳамсуд протоколи ҳамкориву корёрӣ ва суратҷаласаи равиши ҳамкорӣ дар ҳамсанҷии додаҳои омори гумрукиро имзо карданд.
Шаступанҷумин нишасти сарони ниҳодҳои гумрукии кишварҳои ҳамсуд имрӯз дар шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.
Дар ин нишаст санадҳои нмаунаи системи мудирияти рискҳо дар умури гумрукиро тасвиб карданд. Ин санад аҳдофи аслӣ, таъаҳҳудот, усулу созу кори системи мудирияти рискҳо, мавориди воковиши рискҳо, созу кори каминасозии рискҳо ва ҳамчунин ширкати ниҳодҳои гумрукӣ дар омодасозии пешнависи тарҳи нишонгари рискҳо ва намояҳо пешу пас аз бозрасии гумрукиро муқаррар мекунад.
Сарони ниҳодҳои гумрукӣ ҳамчунин тавофуқномаи ҳамкориву корёрӣ дар заминаи умури гумрукӣ, санадҳои гумрукисозии колоҳо ва бозрасии гумрукӣ ва таробарии колоҳо дар қаламрави кишварҳои ҳамсудро ислоҳ карданд.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин раис ва дабири масъули Кумитаи раҳбарони ягонҳои интизомии Шурои сарони ниҳодҳои гумрукии кишварҳои ҳамсуд низ таъйин ва мансуб шуданд.