ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар "Гостиний двор"-и Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтугӯи зинда сурат гирифт. Нахустин саволро аз раисҷумҳур муҷрӣ пурсон шуд: "Метавон гуфт, ки бӯҳрони иқтисодӣ анҷом ёфтааст?". Дар посух Путин гуфт, ин саволи асосӣ аст.
Имсол ба раисҷумҳури Русия наздики 2 миллион саволу хоҳиш расонида шуд.
Ҳамчунин, дар рафти сӯҳбати зинда, Путин гуфт, ки ба наздикӣ набераи дуввумаш таваллуд ёфт. Дар рафти гуфтугӯ як сокини Қабардаву Балқор аз Путин хоҳиш кард, ки дар бораи набераҳояш нақл кунад.
Путин дар посух гуфт, ки духтаронаш дар Русия зиндагӣ мекунанд ва ба сиёсат кор намегиранд.
"Фарзандонам- духтаронам ба сару садоҳо нигоҳ накарда, дар Русия — Маскав зиндагӣ доранд. Набера ҳам дорам. Онҳо зиндагии оддӣ доранд. Духтаронам пажӯҳиши илмӣ мекунанд. Ба сиёсат кордор намешаванд",- гуфт раисҷумҳур дар рафти сӯҳбат.
Раисҷумҳур қайд кард, ки намехоҳад наберагонаш "шаҳзодавор" калон шаванд, барои ҳамин дар бораашон маълумоти зиёдатӣ намедиҳад.
"Медонед, гап дар чист, намехоҳам, ки онҳо "шоҳзодавор" калон шаванд, мехоҳам, ки онҳо ба мисли одамони оддӣ ба воя расанд. Барои ҳамин онҳо бояд оддӣ зиндагӣ кунанд ва дар муоширати доимӣ байни ҷамъимят бошанд. Агар ман ҳозир ба шумо синну сол ва номашонро гӯям, онҳоро тинҷ намегузоранд. Ин ба ташаккули кӯдак зарар мерасонад",- гуфт вай дар вақти гуфтугӯи зинда.
"Хоҳиш мекунам, ки маро дуруст фаҳмед",- илова кард раисҷумҳур.
15-умин гуфтугӯи зиндаи Владимир Путин имрӯз соати 12:00 сар шуд ва 4 саот давом ёфт. Бори нахуст Путин дар сӯҳбати зинда бо шаҳрвандони Русия соли 2001-ум гуфтугӯ карда буд.