ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ҳамвандони яке аз гурӯҳҳои фейсбукӣ хостори пурсу поси зинда бо раисҷумҳури Тоҷикистон шудаанд. Яке аз бунёдгузорони ин гурӯҳ аз дигар ҳамвандон дархост кардааст, суолҳоеро, ки онҳо мехоҳанд аз раисҷумҳур бипурсанд, дар ин гурӯҳ бикоранд.
Агар бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро корёбӣ дар кишвар ва муҳоҷират нигарон карда, бархе дигар аз костиҳо дар соҳаи маориф гила мекунанд ва чанде низ аз роҳандозии парвозҳо аз Душанбе ба Хоруғ пурсонанд…
Чунончи, Мавлуда Гулмамадова ин суолро матраҳ кардааст, ки раҳбарони вазорати маориф кай аз кор барканор карда мешаванд?
"Чаро мо барои таҳсили фарзандонамон ҳазинаи калоне сарф мекунем, вале онҳо дар хона бекор мешинанд", — мепурсад Нодира Хоҷаева.
Яке дигар аз ҳамвандон аз камбуди музди омӯзгорон ба дод омадааст.
Султон Шамсиддинов мепурсад, омӯзгор чӣ гуна бо 450 сомонӣ дар як моҳ бояд зиндагӣ кунад?
Корбаре ҳам хоста аз раисҷумҳур бипурсад, ки оё аз пирӯзии худ бар Доналд Трамп дар "зӯрозмоии дастфишорӣ" шод аст ё на?
Вале аз суолҳое, ки ҳамвандон дар ин гурӯҳ матраҳ кардаанд, маълум мешавад, ки бештари шаҳрвандон аз афзоиши мизони бекорӣ ва муҳоҷират нигарон ҳастанд.
Парвин Эргашева ёдоварӣ карда, ки пештар, чуноне ки аз аксҳои гузаштаи начандон дур бар меояд, мардум дар Тоҷикистон зиндагии хубу хуше доштаанд. Ва ӯ суолеро матраҳ мекунад, ки оё зиндагӣ дар Меҳан бояд боре бар дӯши кас бошад ё роҳате барои рӯҳу ҷон?
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл хабарниори Sputnik Тоҷикистон дар "меҳмонии" раисҷумҳур буд.