Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё Тоҷикистонро дар навинсозии НБО “Норак” ёрӣ мерасонад

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкНурекская ГЭС
Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё 60 милюн дулор эътибор барои навинсозии нерӯгоҳи баркобии “Норак” дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Шурои мудирони Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) ба давлати Тоҷикистон барои навинсозии нерӯгоҳи барқобии "Норак" ба маблағи 60 милюн дулор эътибори молӣ додааст.

Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Туркия ба нерӯгоҳи Норак трансформатори 214 тонна овард

Қарор аст, ки ин маблағ барои бозсозии иқтидори тавлидии се дастгоҳи ва беҳбуди амнияти сарбанди ин нерӯгоҳ ҳазина шавад.

Ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ иҷро карда мешавад. Чанде пеш вазири дороии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва намояндаи доими БҶ Ян-Петер Олтерс тавофуқномаи ҳамкорӣ дар сармоягузории тарҳи навинсозии НБО "Норак"-ро имзо карда буданд. Бино бар ин тавофуқнома, БҶ ба давлати Тоҷикистон 225,7 милюн дулор сармоя хоҳад дод, ки якчаҳорум аз он маблағ грант ва сечаҳорумаш эътибор ё вом аст. 

НБО "Норак" бо иқтидори беш аз 3000 мегаватт яке аз созаҳои калидии сомонаи энержии Тоҷикистон аст. Ин нерӯгоҳ 70 дарсад аз барқи масрафшаванда дар кишварро тавлид мекунад ва навинсозии он имкон хоҳад дод, ки нерӯи барқ ҳамасола дар дастраси масрафкунандагон бошад.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқобии Норак ва Қайроққумро бозсозӣ мекунад

Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад имсол нерӯгоҳҳои барқобии "Норак" ва "Қайроққум"-ро бозсозӣ кунад. Барои бозсозии марҳилаи аввали НБО "Норак" 3 милёрд сомонӣ баробар бо 350 милюн дулор ва барои марҳилаи аввали НБО "Қайроққум" 600 милюн сомонӣ баробар бо 68 милюн дулор ҳазина хоҳад шуд.

Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин дар назар дорад сармоягузории эътиборӣ дар заминаҳои барқу кишоварзӣ ва пуштибонии молӣ аз будҷаи давлатӣ ва бахши иҷтимоъии Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ёдоварӣ мекунем, ки НБО "Норак" соли 1961 сохта шуда ва НБО "Қайроққум" дар соли 1957 бунёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0