ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дусад бошандаи маҳаллаи Ориёно ёздаҳ сол боз бе об зиндагӣ ба сар мебаранд, вале масъулини шаҳрдории Кӯлоб дархосту шикояташонро нодида мегирад.
Яке аз бошандагони ин маҳалла — Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik гуфт: "Дар Кӯлоб наздик ба маркази шаҳр зиндагӣ мекунем. Аз соли 2006, аз замоне, ки моро ба ин маҳалла кӯчониданд, то кунун оби ошомиданӣ надорем. Обро аз 2 — 3 килуметр дуртар бо ароба меорем. Кӯдакон дигар аз обкашонӣ маъюб шудаанд".
Абдуллоҳ мегӯяд, ки мардуми маҳалла дар ин солҳо чанд бор пул ҳам ҷамъ кардаву хостаанд худашон лӯлаи обрасонӣ бикашанд.
"Як — ду бор дар ин миён пул ҷамъ кардаву кӯшиши об кашидан карданд, аммо кор фаротар аз лӯлакашӣ нарафт", — тавзеҳ дод вай.
Ба гуфтаи ин ҷавон, ҳар боре, ки бошандагон ба шаҳрдорӣ бо ин мушкилоташон муроҷиъат мекунанд, мақомот онҳоро "бо ваъдаҳои пучу холӣ умедвор мекунанд".
Абдуллоҳ ба нақл аз падараш, ки чанд моҳе раиси ин маҳалла буда, мегӯяд: "Ҳар гоҳ, ки маҷлис мешуд, масъулин гузаштаву баргашта таъкид мекарданд, ки дар бораи камбудҳо дам назанем. "Ҳамааш мешавад", "ҳамааша ҳал мекунем" гуфта ваъдаҳои пучу холӣ медоданд".
Ба гуфтаи вай, масъулин ба ҷои ҳалли мушкили бошандагон онҳоро дашному носазо мегӯянду таҳдид ҳам мекунанд.
"Ду рӯз пеш аз фаро расидани моҳи рамазон мӯйсафедони маҳалла ҳамроҳ бо падарам боз барои матраҳ кардани мушкили беобӣ ба идораи шаҳрдории Кӯлоб рафтанд. Яке аз кормандони шаҳрдорӣ онҳоро дашном додаву ҳатто таҳдид карда, ки дигар ин мушкилро инҷо наоранд. Падарам ҳамон замон аз симаташ даст кашид", — мегӯяд Абдуллоҳ.
"Вақте ки ба Идораи шабакаи обрасонӣ рафтанд дар он ҷо касе ба гапашон гӯш надода "ба Ҳукумат рафта иҷоза гиред. Мо бе иҷозаи онҳо ягон кор намекунем" гуфтанд", — афзуд вай.
Абдуллоҳ мегӯяд "аз беадолативу бемасъулиятии ҳукумати шаҳри Кулоб бисёр метавон гуфт": "Чунончи, дар шаш моҳе, ки падарам раиси маҳалла буд, чандин бор аз раисони маҳалла пул талаб карданд. Барои мисол, барои таъмири бинои мақомоти иҷроия, барои куштани сагҳои бесоҳиб, вале сагҳо ҳамчунон бисёранд ва намедонем кадом сагҳоро онҳо куштанд. Ҳамчунин раисҳоро водор кардаанд барои хатнасури кӯдакони ятим дар Наврӯз аз мардум пул ҷамъ кунанд", — мегӯяд вай.
Ба гуфтаи ӯ, бархе аз сарватмандони маҳалла бо пули худ ба хонаҳояшон об кашидаанд ва бархе ҳам дар хонаҳояшон махзанҳои об доранд.
"Вале мардуми бенаво, ки тавони хариди чунин бӯшкаҳоро надорад, чӣ кор кунад?", — мепурсад ӯ.
"Дар маҳаллаамон журналистону ҳуқуқшиносон ва соҳибмансабон бисёранд, вале ҳеч кадомашон аз мушкилоти мардум дам намезанад. Шояд тарси аз даст додани мансабашон онҳоро аз гуфтан боз медорад ё тамоман дилашон ба ин мардум намесӯзад", — гила мекунад вай.
Ин ҷавон аз бемасъулиятии ҳукумати шаҳри Кӯлоб шикоят мекунад ва мегӯяд:
"Дар ин 11 сол чанд бор раисони шаҳр иваз шуданд, аммо камбудҳо ҳамчунон мондаанд. Намояндаҳои ҳукумат пеш аз ҳар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ё маҷлисҳо омада мардумро ҷамъ карда аз камбудҳо мепурсанду ваъдаҳо медиҳанд. Аммо пас аз интихобот ҳама ваъдаҳо фаромӯш мешаванд ва мардум бо мушкилоташ танҳо мемонаду намедонад додашро ба кӣ гӯяду мушкилоташро куҷо барад".