ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Бархе аз аҳолии шаҳри Хоруғ аз беобӣ ба дод омада, аз шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дархост кардаанд мушкилашонро ҳалл кунад.
Сокинони шаҳр аз саҳлангории мақомот шикоят карда мегӯянд, ки бе оби ошомиданӣ дар азобанд.
"Аз бесалоҳиятии мақомоти ВМКБ дар муддати чаҳор рӯз сокинони шаҳри Хоруғ аз беобӣ азият мекашанд… Аз Рустам Эмомалӣ хоҳиш мекунем ба мо кумак расонад", — навиштааст яке аз хоруғиён дар гурӯҳи "Pamir news" дар Фейсбук.
"Аз саҳари барвақт мо барои обгирӣ навбат меистем. Шомгоҳон ҳам ҳамчунин. Дар баробари ин сокинони ноҳияи Шошхоруғ низ ба кӯчаи мо омада об мегиранд. Ҳоламон бисёр бад аст", — гуфт Зулфия аз кӯчаи Хичордев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Вале мақомоти шаҳрӣ хабар доданд, ки лӯлаи харобшудаи обрасониро таъмир кардаанд ва пас аз се соат сокинони Хоруғшаҳр бо об таъмин хоҳанд шуд.
"Бо далели сахт осеб дидани лӯлаи бузурги обрасонӣ дар мавзеъи Боғев таъмир ба дарозо кашид. Вале лӯла то кунун иваз шуда ва то се соати дигар, насиб бошад, хоруғиён бо об таъмин хоҳанд шуд", — гуфт сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.