Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян: нӯҳ санади нави ҳамкорӣ имзо шуд

© Фото : Пресс служба президента РТПрезидент РТ вместе с президентом Армении
Президент РТ вместе с президентом Армении - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нимаи дуюми рӯзи 14 июн сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон бо маросими истиқболи расмӣ дар назди “Қасри Президент” оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷмуҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Арманистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Нахуст сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян суҳбат карда, сипас музокироти ҳайъатҳои баландпояи Тоҷикистону Арманистон идома ёфт.

Ҷонибҳо қабули Паймони дӯстиву ҳамкорӣ ва таъсиси Комисюни давлатии ҳамкории иқтисодиву тиҷориро омили муҳим барои ноил гардидан ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва омӯзишиву фарҳангӣ номиданд.

Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар Арманистон - Sputnik Тоҷикистон
Горди фахрӣ ва парчамҳо: пешвоз аз раисҷумҳур дар “Зварнотс”

Дар рафти мулоқот пешниҳод гардид, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши коло, рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои якдигар иртиботи мустақим миёни бунгоҳҳои иқтисодии ду кишвар роҳандозӣ шавад.

Ҳамкорӣ дар заминаҳои энержии барқ, истихроҷи кониҳо, саноъеи сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ ва таробарӣ, ҳамчунин иртибототу гардишгарӣ аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкории дуҷониба дониста шуданд.

Кишвардорони Тоҷикистону Арманистон вобаста ба ҳалли мушкилоту низоъҳо дар минтақаҳои даргир ва дигар кишварҳои ҷангзада роҳҳои муҳиму судманди ҳалли онҳоро пешниҳод намуданд.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон сафар кард

Дар интиҳои мулоқот Эмомалӣ Раҳмон Серж Саргсянро ба Тоҷикистон даъват кард. 

Дар паи ин мулоқот 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз он ҷумла:

Тавофуқнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон;

Тавофуқнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар заминаи рафту омади ҳавоӣ;

Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратхонаи умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон барои солҳои 2018-2019;

Тавофуқнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар заминаи ҳамкорҳои телекоммуникасионӣ ва иртибототи пустӣ;

Тавофуқнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар заминаи эътирофи мутақобила ва баробарии тахассусҳои таҳсилӣ, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ;

Тавофуқнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар заминаи ҳамкорҳои дармониву пизишкӣ;

Тавофуқнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар заминаи ҳамкорӣ дар умури ҷавонону варзиш;

Тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додситонии кулли Ҷумҳурии Арманистон;

Тавофуқнома ҳамкорӣ миёни фарҳангистонҳои улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон.

То кунун заминаи ҳуқуқии равобити дуҷонибаро беш аз 30 санад ташкил медод, ки ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дарбар мегирифт.

Лентаи хабарҳо
0