ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байнулмилалии "Звартнотс" намояндагони воломақоми ҳукумати Арманистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон саҳни ҳавлии фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Арманистон ба таври идона ороста шуда, горди фахрии президентӣ саф кашида буд.