Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим: "қарзгирӣ барои тӯй кам шудааст"

© Sputnik / Стас ЭтвешФестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муслиҳиддин Хоҷаамиров корманди Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо гуфт, ки ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон кам шудааст

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои дохили ҶТ рӯзи 12 май дар маҷлисгоҳи ин ниҳод бо ширкати муовини вазир Саидзода Маҳмадсаид Борон, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва кормандони вазорат дарси хизматӣ баргузор шуд.

Ин маҷлис ба муносибати "10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузарнида шшуд.

"Муслиҳиддин Хоҷаамиров мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гуфт, ки амалисозии қонун дар тӯли даҳ сол имконият дод, то сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар ва сатҳи хароҷоти зиёдатӣ, ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо паст шаванд".

© Фото : Аз равобити умуми ВКД ҶТДарси хизматӣ дар ВКД
Дарси хизматӣ дар ВКД - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Дарси хизматӣ дар ВКД
© Фото : Аз равобити умуми ВКД ҶТМуслиҳиддин Хоҷаамиров мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Муслиҳиддин Хоҷаамиров мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Муслиҳиддин Хоҷаамиров мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
© Фото : Аз равобити умуми ВКД ҶТХизмати дарсӣ дар ВКД
Хизмати дарсӣ дар ВКД - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Хизмати дарсӣ дар ВКД
1/3
Дарси хизматӣ дар ВКД
2/3
Муслиҳиддин Хоҷаамиров мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
3/3
Хизмати дарсӣ дар ВКД

Манбаъ меафзояд, ки дар рафти дарси хизматӣ миёни маърӯзачиён ва кормандони вазорат дар бораи риояи қонун табодули афкор сурат гирифт.

Ширкаткунандагон барои пешрафти кор як қатор таклифу пешниҳодҳои муфид баён карданд.

Аз ҷумла, дида баромадани тӯйи домодию арӯсӣ (аз ҷониби духтардор), гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ дар миёни мардум, ҳамкорӣ дар тартиб додани протоколҳои маъмурӣ ва ғайра ибрози назар карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0