ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи қарор «Дар бораи пешнависи Протоколи ҳамкорӣ миёни Хадамоти гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбакистон»-ро дар охирин ҷаласаи худ, ки 27 апрел баргузор шуд, баррасӣ ва тасвиб кард.
Бино ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури рушди ҳамкориҳои гумрукӣ, аз ҷумла дар заминаи мубодилаи иттилоъот, содасозии расмиёти гумрукӣ, табодули таҷриба ва пешгирӣ аз қонуншиканиҳои гумрукӣ тасвиб шудааст.
Маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин тарҳи қарор "Дар хусуси пешнависи Протоколи тартиби ҳамкорӣ миёни Хадамоти гумрукии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбакистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафа"-ро баррасӣ карданд.
Ин қарор заминаи қонунӣ барои табодули иттилооти омории гумрукӣ миёни ду кишварро фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки ҳолати воқеии гардиши тиҷорати хориҷии ҷонибҳо дуруст муайян гардида, пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, таҳлили ҳолати рушди воқеии иқтисодиёт, таҳияи баланси савдою пардохт ва риояи қонунгузории андозу гумрук амалӣ карда шавад.