Донишманди тоҷик медоли бузургдошти Нобелро дарёфт кард

Обуна шудан
Чанде пеш донишманди тоҷик Ҳаким Ғаюров барои ҷустору пажӯҳиш дар заминаи навоварӣ аз тарафи Фарҳангистони улуми табиатшиносии Русия бо медоли бузургдошти Нобел сарфароз гардидааст
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Фарҳангистони улуми табиатшиносии Русия устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳаким Ғаюровро унвони профессорӣ дода ва бо медоли бузургдошти Нобел сарфароз гардонда аст.
Бино ба иттилоъи хадамоти матбуъотии ҳукумати вилояти Суғд, унвони профессории ин фарҳангистон бо таваҷҷуҳ ба ҷустору пажӯҳишҳои илмӣ, интишори дастурҳои илмию методӣ, таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, ихтироъот ва дигар дастовардҳо ба устод Ҳаким Ғаюров дар оғози соли хониши 2016-2017 эъто шудааст.
Доктори илмҳои тиб, профессор Саидилҳом Аҳмадзода, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода: саратон бо ёрии нитрогени моеъ табобат мешавад
Афзун бар ин, устод Ғаюров аз барои таълифот, навовариҳо дар соҳаи маориф, ташаккул ва ташкили ихтисосҳои замонавӣ, роҳандозии раванди таълим бо назардошти фанновариҳои муосир бо ҷоизаи байналмилалии "Корманди шоистаи илму маориф" қадрдонӣ шудааст. Вай ҳамчунин дорандаи чандин диплом, гувоҳинома, ифтихорномаю сипосномаҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0