ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Фарида Бобоҷонова.Саидилҳом Аҳмадзода дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки олимони тоҷик дар соли 2016 бори аввал имконият пайдо карданд, ки бо ёрии нитрогени моеъ ҷарроҳии касалии саратони ҷигарро гузаронанд.
Кашфиёти нодир
Саидилҳом Аҳмадзода — ноиби президенти Академияи илмҳои тиб мегӯяд, ки ҳангоми ҷарроҳии саратони ҷигар ҳуҷайраҳои саратонро то имконияте, ки ба чашм дида мешавад, бурида ва гиритфа мешавад, вале ҳангоми ҷарроҳӣ, як миқдор ҳуҷайраҳои ба чашм ноаён мемонанд.
Онҳо баъди ҷарроҳӣ ҳатман афзоиш меёбад, зеро майда бошанд ҳам, дар оянда калон мешаванд, мегӯяд табиб.
Аз ҳамин рӯ ихтирои олимони тоҷик, ки бо ёрии он нитрогени моеъ ҳамон ҳуҷайраҳоро дар ҷояш мекушад, нодир ба ҳисоб меравад, илова намуд вай.
Ба гуфтаи Аҳмадзода ин ҷарроҳиро аллакай 50 нафар — аз ҷумла беморони сил, саратони ҷигар ва дигар бемориҳо гузаштаанд ва имконият пайдо карданд, ки табобати боэътимод гиранд.
"Ин технология дар Маскав — маркази анкология истифода мешуд, аммо ба мо дастрас набуд. Мо имрӯз хушбахтона имконият дорем, ки аз технологияи миллии худ истифода барем. Истифодаи нитрогени моеъ аз он ҷиҳат нодир ба ҳисоб меравад, ки пештар танҳо дар Ҳолландия, Италиё ва Ҷопон истифода мешуд",- илова намуд вай.
Ба иттилои ноиби президент истеҳсоли ин технология сад дар сад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Он бо ҳамкории олимони Пажуишгоҳи Гастроэнтрологияи Вазорати тандурустии ҶТ ва Институти физикаву техникаи Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон сохта шудааст.
Ҳарчанд дигар давлатҳо аз мо пештар аз ин технология истифода мекарданд, аммо барои харидорӣ намудан, бояд маблағи зиёдро сарф менамудем, мегӯяд вай.
"Дастгоҳи мо ҳам ҳамон амалро иҷро мекунад, лекин арзон, дастрас безарар ва имконпазир аст",- итминон дорад табиб.
Кашфиёт маблағгузорӣ металабад
Ба гуфтаи олим дар Академияи илмҳо профессор Миршоҳӣ- олими форстабори муқимии Фаронса аз шунидани ин дастоварди олимони тоҷик хурсанд гардидааст, зеро Тоҷикистон ба давлати дигар барои харидорӣ муроҷиат накарда, технологияи худашро истеҳсол кардааст.
Аҳмадзода мегӯяд, ки ҳарчанд намуди зоҳири технологияи тоҷикӣ ба стандартҳои ҷаҳон ҷавобгӯ набошад ҳам, он дар Тоҷикистон пурра қабул ва коршоям аст. Ба гуфтаи вай барои ба фурӯш баровардан онро сайқал додан лозим, ки ба ин кор ҷалби дигар олимон ва маблағгузорон муҳим аст.
Ин дастгоҳ фақат дар Душанбе дар Пажӯишгоҳи Гастроэнтрология истифода мешавад, барои ин ки ин ҷарроҳӣ фақат дар ҳамин институт мегузарад.
Ба воситаи ин технологияи навин аллакай 50 нафар табобат гиритфтаанд.
Пештар имконият надоштем, ҳоло дар фикри кашфи дигар технология ҳастем, ки ба воситаи он тиб аз гелий низ истифода мебарад.
Мо касеро гунаҳкор карданӣ нестем
"Вақте ки ин технология дастрас набуд, ҷарроҳии саратони ҷигар ҳам беътимод ба ҳисоб мерафт. Мо касеро гунаҳкор карданӣ нестем, ҳамон ҷарроҳ набуд, ки зарурати истифодабариашро донад",- мегӯяд вай.
Бемориҳо сол ба сол пайдо шудан мегирад, беморӣ ки пайдо шуд, зарурати табобати он низ ба миён меояд. Мо дар соли 2015 ба хулоса омадем, ки барои табобати ин беморӣ бояд аз нитрогени моеъ истифода барем ва онро дар соли 2016 дар амал татбиқ кардем. Моро олимони Академияи илмҳо дастгирӣ карданд. Аз ҳамин рӯ аз моҳи феврал сар карда, то имрӯз 50 нафарро ҷарроҳӣ кардем ва аз пайи такмил додани ин навгонӣ ҳастем, илова намуд олим.
Табобат ройгон аст
Ба гуфтаи Саидилҳом Аҳмадзода табобат бо ин намуди технология барои тамоми беморон дастрас ва ройгон аст. Ҳоло кашфиёти нодири тоҷик дар давраи такмил қарор дорад.
Саидилҳом Аҳмадзода
Аҳмадзода Саидилҳом- ҷарроҳ-гепатолог, доктори илмҳои тиб (2003), проф. (2006), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ (1993), Аълочии тандурустии ҶТ. Узви Ассотсиатсияи байналмилалии ҷарроҳон — гепатологҳои Русия ва ИДМ. Дар ҷумҳурӣ аввалин шуда амалиёти бурриши қисми рости ҷигарро дар мавриди саратони талхадон бо гузариш ба ҷигар анҷом додааст. Муаллифи 126 мақолаи илмӣ, 3 гувоҳномаи ихтироъӣ ва 28 таклифи навоварона мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд.