Супориши Эмомалӣ Раҳмон ба вазирон: ба мардум наздик шавед

© Фото : Аз хадамоти матбуоти президенти ҶТМашварати кории Эмомалӣ Раҳмон
Машварати кории Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, раисҷумҳури Тоҷикистон бо вазирону раисон машварати корӣ баргузор карда, онҳоро вазифадор намуд,то ба мушкилоти мардум саривақт расидагӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар машварати корӣ муовинони сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроия, ёрдамчиёни раисҷумҳур, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони як қатор вазоратҳо ширкат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону вазирон барои расидагӣ ба арзу шикоятҳои мардум ва дархосту муроҷиатҳои онҳо супориш дода, онҳоро вазифадор кард, то ба аҳолӣ наздиктар шаванд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон болоравии нарху наворо дар моҳи Рамазон пешгирӣ мекунад

Раисҷумҳур барои риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузории мамлакат, таъмини фаъолияти муназзами марказу муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо ва варзишкадаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Масъалаи дигар таъмини бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ буд.

Роҳбарони вазорату идораҳо барои таъмини саривақтии амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳо, иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бахусус меваю сабзавот, ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво вазифадор гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0