ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Вазорати кору муҳоҷирату шуғли аҳолии Тоҷикистон эълом карда, ки беш аз 106 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки Русия барои се сол мамнуъ ул-вуруд карда буд, иҷоза гирифтаанд дубора ба ин кишвар сафар кунанд.
"Беш аз 106 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки мақомоти муҳоҷиратии Русия вурудашонро ба далели нақзи қоидаҳои будубош то 3 сол мамнуъ карда буданд, иҷоза гирифтаанд дубора ба ин кишвар сафар кунанд", — гуфта хабаргузории "ТоҷикТА" бо такя ба ин вазорат.
Вале ин ниҳод таъкид карда, ки "муҳоҷироне, ки бо қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ карда шудаанд, аз ин ҳаққ бархӯрдор намешаванд".
Русия то кунун беш аз 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро мамнуъ ул-вуруд кардааст. Афзун бар ин шумор, камобеш 5 ҳазор шаҳрванд низ ба далели гирифторӣ ба бемориҳои вогире чун камбуди эминии инсонӣ (СПИД), сил, ҳепотит ва монандашон модом ул-умр мамнуъ ул-вуруд шудаанд.