Хулосаи авф: Русия 102 ҳазор муҳоҷири тоҷикро "бахшид"

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
102 ҳазор муҳоҷири тоҷик расман дар Русия авф шуданд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Амалиёти аз "рӯйхати сиёҳ" баровардани муҳоҷирони тоҷик аз 24 март то 24 апрел давом кард.

Чуноне намояндагони Вазорати меҳнат ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, дар амалиёти авф ду гурӯҳи муҳоҷирон-нафароне, ки бобҳои 4 ва 8 моддаи 26 қонуни федеролӣ "Дар бораи ворид ва берун шудан аз қаламрави ФР"-ро вайрон кардаанд, дохил шуданд.

Муҳоҷирон дар ФМС нават истодаанд.. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гузашти якмоҳа: чӣ гуна метавон дар як моҳ аз феҳристи сиёҳ хориҷ шуд

Ба қавли коршиносон ба ин ду гурӯҳ 170 ҳазор муҳоҷир шомил шуд ва дар воқеъ дар давоми як моҳ имкон набуд, ки ҳамаи онҳоро аз "рӯйхати сиёҳ" бароранд.

Намояндагони вазорат қайд мекунанд, ки амалиёти авф дар ҳамаи манотиқи Русия ба хубӣ гузаронида шуд. Ҳам аз ҷониби масъулони рус ва ҳам аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик ширкати фаъол ба назар мерасид.

"Масъалаи тамдиди авф ҳамоно дар ҳоли баррасӣ аст, вале эҳтимоли рӯи кор наомадани он низ вуҷуд дорад",-изҳор дошт намояндаи вазорат.

Баъди ба итмом расидани амалиёти авфи муҳоҷирон фикрҳои коршиносон оиди баргузории он зид баромаданд. Ба қавли бархе аз онҳо барои гузаронидани чунин барномаи бузург вақти кам ҷудо шуда буд.

Мушкилоти дигар омода будани масъулони рус буд.

Ба қавли коршиноси масъалаҳои муҳоҷират  Юрий Московский мақомот дар минтақаҳои алоҳида аз баргузории дурусти барномаи авф хабар надоштанд.

То имрӯз 90 ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки аз рӯи дигар моддаҳои қонуни Русия  айбдор ҳастанд, дар рӯйхати сиёҳ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0