IOM донишҷӯёнро ба ҳамкорӣ фаро мехонад: матлаб таҳия кунеду ҷоиза бигиред

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони байналмилалии муҳоҷират аз донишҷӯёни тоҷик хоста дар мавзуъи муҳоҷирати корӣ матолиб таҳия кунанду ҷоиза дарёфт кунанд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон дар фарохоне аз донишҷӯён даъват кардааст дар мавзуъи муҳоҷират матолибе омода кунанд.

Бино ба фарохоне, ки дафтари СБМ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор додааст, аз донишҷӯён хоста шуда матолибе дар мавзуъҳои "муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон: имконот ва ҷолишҳо", "сарнавишти муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳояшон", "қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои муҳоҷирпазир дар заминаи танзими муҳоҷират" таҳия кунанд.

Студенты на лекции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҳсил дар Нидерланд осон мешавад: мулоқоти сафир бо президент

СБМ барои шинохти беҳтарин матолиб чанд шарт гузошта, ки муҳимтаринашон интишори матолиб дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз 7 июн то 30 июли соли равон аст.

Матолиби дарёфтӣ аз рӯи чанд меъёр, аз ҷумла "огаҳӣ аз мавзуъ, тасвири воқеъият дар мавод ва таъсири эҳтимолӣ; асолати мавод, пӯшиши ҷолибу эҷодиии мавзуъ; эҷодкорӣ дар пешниҳоди мавод, мавқеъи муаллиф; возеҳият ва соддагии баён" арзёбӣ хоҳанд шуд.

Ин озмунро СБМ дар ҳамкорӣ бо Бунгоҳи ИМА барои тавсеъаи байналмилалӣ (USAID) ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон ва Соли ҷавонон дар Тоҷикистон баргузор кунанд. Ҳадаф аз он "ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷавонон ба масоъили муҳоҷирати корӣ, афзоиши сатҳи огоҳии ҷомеъа дар бораи муҳоҷирати корӣ ва сарнавишту ҳуқуқи муҳоҷирон ва қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои муҳоҷирпазир дар заминаи муҳоҷирати корӣ" эълом шудааст.

Дафтари СБМ эълом карда, ки таҳиякунандагони се матлаби беҳтарин ҷоиз дарёфт хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0