ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷа, сафири ҶТ дар Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода бо ректори Донишгоҳи Лейден профессор Карел Столкер мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаи оғози ҳамкориҳоро миёни Донишгоҳи Лейден ва ниҳодҳои пажӯҳишӣ ва таълимии Тоҷикистон муҳокима карданд.
Сафири тоҷик ва ректори Донишгоҳи Лейден дар бораи мубодилаи донишҷӯёну устодон ва дастрасӣ ба бурсияҳо барои таҳсил дар ин мактаби олӣ сухан гуфтанд.
Эркинхон Раҳматуллозода худи ҳамон рӯз бо директори пажӯҳишгоҳи минтақавии Донишгоҳи Лейден (The Leiden University Institute for Area Studies) профессор Франк Пайк дидор ва гуфтугӯ кард.
Ин пажӯҳишгоҳ ба омӯхтани таърих, дин, фарҳанг, забон ва вазъи минтақавии Осиё машғул аст.