ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, меҳмонони чорабиниро, ки намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур буданд, ҳаваскорони марказ бо навозиши «Шодиёна» ва рақсҳои ҷолиби ҳунарӣ пешвоз гирифтанд. Меҳмонон инчунин бо намоиши асарҳои рассомии дастпарварони марказ шинос гардиданд.
Сипас дар ҳолати тантанавӣ лентаи рамзии утоқи навтаъсиси кории ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон бо номи "Эҷодкор" бурида шуд.
Директори муассиса Раззоқов Салоҳиддин меҳмонони чорабиниро хайрамақдам намуда, мизи мудавваро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Муҳокима ва суолу ҷавоб оид ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва зарурияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» хеле шавқовар сурат гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба 6 нафар аъзоёни ҲХДТ- кормандони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.