ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба барномаи муҳташами идона аҳли хунар ва фарҳанг аз тамоми гӯшаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, водиҳои Зарафшон, Ҳисор ва Рашт ҷалб карда шудаанд. Дар барнома устодони санъат, ситораҳои эстрада ва санъаткорони ҷавону умедбахш ҳунарнамоӣ мекунанд.
Боиси зикр аст, ки 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 дар шаҳри Ваҳдат таҷлил карда мешавад. Баргузории тантанаҳои идона шоми 27-июн дар Варзишгоҳи марказии ин шаҳр дар назар аст.