Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулии СММ

© Фото : Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ раҳмон бо дабири кулли СММ
Мулоқоти Эмомалӣ раҳмон бо дабири кулли СММ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Дабири кулли Созмони Милали Муттуҳид Антониу Гетерришро ба ҳузур пази

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот  бо Антониу Гутерриш, ки ба ҳайси Дабири кулли СММ бори нахуст ба Тоҷикистон омадааст, изҳори хушҳолӣ намуд ва ҳамкории кишварро бо Созмони Милали Муттаҳид пурарзиш ва муҳимхонд.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон аз оғози узвияташ дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда, барои фаъолияти бемайлони 23 бунёду барномаҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави давлат шароит фароҳам овардааст.

 Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст фикру мулоҳизаҳои судман баён гардид.

 Кишвардори Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон   муҳимияти ҳамкории Тоҷикистонро бо СММ дар истифодаи боэътимод ва самараноки имкониятҳои энергетикӣ, василаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои бузурги кишоварзӣ таъкид дошт.

Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СММ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

 Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар роҳандозии рӯзномаи марбут ба масъалаҳои оби Созмони Милали Муттаҳид фаъолона ширкат варзида, минбаъд низ ҳамчун ташаббускори баррасии масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ саҳми фаъол хоҳад гузошт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018-2028, ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об — 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон мегардад.

Президенти ҶТ пешниҳод кард, ки як даҳсолаи дигари об эълон шавад

Ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои глобалии "энергияи устувор" ва "энергияи сабз" барои ҳама бори дигар таъкид гардида, истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз лиҳози истеҳсоли барқи тоза беназир мебошанд, барои минтақа пураҳмият арзёбӣ шуд.

Барои идомаи ҳамкорҳои судманд дар таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсию низомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаи кори рӯзномаи чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи "Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир", ки баргузории он дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0