ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад, 12 апрел дар ҳамоиши ҳафтуми ҷаҳонӣ дар масъалаи об пешниҳод намудааст, боз як даҳсолаи дигари байнулмилалии об эълон шавад, менависад сомонаи президент.
Раисҷумҳур барои тақвияти фикраш гуфтааст, бӯҳрони моливу иқтисодӣ, камбизоатӣ, афзоиши аҳолӣ… ва офатҳои табиӣ барои пурра иҷро шудани ҳадафҳои даҳсолаи аввали об "халал расонданд".
Даҳсолаи аввал, ки "Об барои ҳаёт" унвон дошт, соли 2005 аз сӯи Созмони Милал эълон шуда, дар пайи он дар Тоҷикистон Соли оби тоза ва ҳамоиши байнулмилалӣ ҳам баргузор шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, даҳсолаи дуюми байнулмилалиро "Об ба хотири рушди устувор" номанд.
"Итминон дорам, бо эълони даҳсолаи навбатӣ татбиқи амалии тадбирҳои нақшавиро дар чаҳорчӯбаи даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" идома медиҳем ва онҳоро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор бо саъю талошҳои нав ғанӣ месозем. Умедворем, ин пешниҳод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ хоҳад ёфт", — таъкид кардааст Раҳмон.
Дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Бино бар гузоришҳои байнулмилалӣ, танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 22 деҳа аз оби поки ошомиданӣ маҳруманд.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Куриёи Ҷанубӣ гуфтааст, агарчӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳастанд, аммо "инфрасохтори начандон мутараққӣ ва манбаъҳои маҳдуди молӣ имкон намедиҳанд, захираҳои мавҷудаи об ба андозаи пурра ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода карда шаванд."
Вай илова кардааст, дастрасии сокинони деҳот ба оби тоза ё бехатари ошомиданӣ боз ҳам мушкилтар буда, ҳамагӣ ба 40 дарсад баробар аст. Ба қавли раисиҷумҳур, на зиёда аз 10 дарсади сокинони деҳот ба хадамоти беҳдоштӣ дастрасӣ доштаанд.