ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тавре ки Вазорати умури дохилаи ҶТ хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои тамаъҷӯӣ дастгир карда шудааст.
Гумонбаршуда, 27-уми апрели соли 2017, ба назди марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур, раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Ёва омада, бо маълумотҳои беобурӯкунанда, гӯё ки охирон дар вазифаи мазкур қарор доштанаш, 5-га замини шолӣ ва хошоки шолиро тасарруф ва азони худ намудааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ маблағи 10 ҳазор сомониро талаб карда гирифтааст.
Тавре дар гузориш қайд мешавад, марди гумонбаршуда ба ин қаноат накарда, 5-уми июни соли ҷорӣ бо ҷабрдида дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонӣ вохӯрда, бо баҳонаи дар давраи фаъолияти кориаш аз насоси обкашӣ ва фурӯши маҳсулотҳои шолӣ маблағи калони пулӣ ба даст овардааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ боз 10 ҳазор сомонӣ талаб намудааст. Ин дафъа, гумонбаршуда ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ дастгир гардид.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.