Турсунзода: аз канори роҳ силоҳи оташфишон ёфт шуд

© Фото : Таможенная служба РТРжавый боевой пистолет, архивное фото
Ржавый боевой пистолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода шахси номаълуме занг зада, хабар додааст, ки дар канори роҳ ашёи монанд ба таппончаро дидааст

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тавре Хадамоти гумруки  ҶТ хабар медиҳад, 22 — уми майи соли 2017 кормандони Шуъбаи мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода як адад силоҳи оташфишонро пайдо кардаанд.

Шахси номаълуме ба раёсати гумрукӣ занг зада, хабар додааст, ки дар канори роҳ ашёи монанд ба таппончаро дидааст.

Кормандони хадамот ба деҳаи Каммунаи шаҳри Турсунзода рафта, аз назди канори роҳи Турсунзода — Душанбе як адад силоҳи оташфишони тапонча пайдо намуданд.

Силоҳи ёфтшуда, рақам ва соли барориш надоштааст.

Тибқи ахбори манбаъ, таппонча барои гузаронидани ташхиси криминалистӣ ба Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД — и ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода равон карда шудааст.

Тафтишот дар ин самт идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0