ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раҳбари маъмурияти марказии рӯҳониёни Русия Муҳаммад Тоҷиддинов хабар дод, ки наздики шаш миллион мусулмон дар Русия дар моҳи мубораки Рамазон рӯза гирифтааст.
"Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, беш аз 30 фисади мусулмонони Русия яъне наздики 6 миллион кас аз ҷамоати 20 миллионаи Русия рӯзадор аст", — гуфт рӯҳонӣ ва афзуд, ки дар ин росто созмоне ҳисоби дақиқ намебарад.
Моҳи Рамазон ва рӯзагирӣ дар кишварҳои мусулмоннишин бо таҷлили иди фитр ба поён мерасад.
Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.
Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.
Дар ин рӯзи муборак мусулмонон ба дӯстон хешу таборон тӯҳфаҳо тақдим намуда, онҳоро ба хонаҳои худ даъват мекунанд. Ба кӯдакон либосҳои нав мехаранд. Шахсони расмии кишварҳои мусулмоннишин ба ҳамдигар ва халқи худ паёмҳои шодбошӣ ирсол намуда, дар аксар маврид барои маҳбусон афв эълон мешавад.