Таваҷҷуҳи ҳукумати ҶТ ба бахши маориф бештар мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевМактаби рақами 9 дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Мактаби рақами 9 дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади тақсими баробар ва одилонаи маблағҳои давлатӣ самаранок ва мақсаднок истифода бурдани онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шаклҳои нави идора ва маблағгузорӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардид, ки яке аз онҳо маблағгузории сарикасӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҳукумати  Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидӣ аҳамияти хоса дода, маблағгузории ин бахши муҳимро сол аз сол афзоиш медиҳад, иттилоъ доданд ба Sputnik аз дафтари матбуотии райисҷумҳур.

Барои муқоиса, агар дар соли 2000-ум барои соҳаи маориф 37 млн. 425 ҳазор сомонӣ ҷудо  шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2014 — 2 млрд. 516 млн. 965 ҳазор сомониро (нисбат ба ММД — 5,2% ва нисбат ба буҷет 18,1%) ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон маркази озмоишӣ (пилотӣ)-и ғизо барои мактабҳо ифтитоҳ гардид - Sputnik Тоҷикистон
Маблағгузории бахши маориф дар соли 2015 ҳудуди 16% афзоиш ёфт

Маблағгузории соҳаи маорифи кишвар дар соли 2015 нисбат ба соли 2000-ум 78 маротиба афзиш ёфтааст, ки ин нишондиҳанда дар байни кишварҳои ҳамсоя хеле хуб ба шумор меравад.  Имсол барои соҳаи маориф 2 млрд. 918 млн. 639 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2014-ум 401 млн. сомонӣ ё ин ки 15,9% зиёд мебошад.

Маблағи мазкур 19,1% буҷети давлатиро ташкил дода, ба 5,5 дарсади маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД)  баробар аст.

Бо мақсади тақсими баробар ва одилонаи маблағҳои давлатӣ самаранок ва мақсаднок истифода бурдани онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шаклҳои нави идора ва маблағгузорӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардид, ки яке аз онҳо маблағгузории сарикасӣ мебошад.

Моҳияти маблағгузории сарикасӣ аз он иборат буд, ки давлат на муассиса, балки хонандаро маблағгузорӣ мекунад. Вобаста ба маблағузории сарикасӣ мустақилияти молиявии мактабҳо бештар гардид ва иштироки ҷомеа дар идораи мактаб таъмин шуд.

Лентаи хабарҳо
0