ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Намояндагони маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон мехоҳанд корбаронеро, ки ҳамарӯза ба вебгоҳҳои "нохушоянд" ворид мешаванд, дар пайгард қарор диҳанд.
Намояндаи маҷлис Ҷӯрахон Маҷидзода хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамарӯза то 90 ҳазор паёми пешниҳоди пайвастан ба гурӯҳҳои тунрдравро дарёфт мекунанд.
Ба гуфти ӯ, имрӯз беш аз се милюн тоҷикистониён ба интернет дастрасӣ доранд. Чунончи, беш аз 80 дарсади онҳо ба вебгоҳҳое ворид мешаванд, ки моли гурӯҳҳои ифротӣ ҳастанд.
Маҷидзода пешниҳод карда, ки агар Қонуни бозҷуст ("Дар бораи корҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ") ислоҳ карда шавад, кормандони мақомоти қудратӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, то дар бораи ҳар як корбари интернет иттилоъот ҷамъ карда, фаъолияташонро пайгирӣ намоянд.
Қаблан хабар дода шуд, ки раҳбари маркази зидди теруристии ИДМ, артишбади милиса Андрей Новиков дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт, ки дар се соли ахир шумораи матолиби ифротгароёна дар интерент то шаш баробар афзудааст.
Гурӯҳҳои тундрав фаъолияти худро аслан дар сафҳаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мемонанд.