Додгоҳи ноҳияи Рашт омӯзгорро 150 сомонӣ ҷарима баст

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТДодгоҳи сайёри ноҳияи Рашт
Додгоҳи сайёри ноҳияи Рашт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи сайёри ноҳияи Рашт як омӯзгор ва волидони ҳафт донишомӯзро ба қадри 150 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои дохила  омӯзгор ва волидон бо иттиҳоми фориғболӣ дар тарбияи насли наврас ба додгоҳ кашида шуданд.

Манбаъ мегӯяд, ки волидон ва омӯзгор бо сабаби фориғболӣ дар тарбияи фарзандон қарима шудаанд, вале дар бораи худи ҳодиса, ки ба ҷаримабандӣ расонидааст, чизе гуфта нашудааст.

Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти як ноболиғ дар Турсунзода барои “ҳаракатҳои шаҳвонӣ”

Ҳодиса дар деҳаҳои Ҳалқарф ва Кочони ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайвастааст. Додгоҳи сайёр аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, ки волидон ва омӯзгор дар вайрон кардани талаботҳои қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" айбдор мешаванд.

Ҳамин тавр додгоҳи ноҳияи  Рашт  волидони ҳафт донишомӯз ва як омӯзгорро, ки дар тарбияи насли наврас фориғболӣ зоҳир менамуданд, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баст.

Лентаи хабарҳо
0