Боздошти як ноболиғ дар Турсунзода барои “ҳаракатҳои шаҳвонӣ”

© Sputnik / Рамиль СитдиковЗавлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ноболиғи шонздаҳсола аз ҷониби кормандони ШКД-и ноҳияи Турсунзода бо ҷурми таҷовуз дастгир гардидааст, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД.

"Аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода ноболиғ З.А., соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ дастгир  карда  шуд",-менависад манбаъ.

Аснои тафтишоти пешакӣ маълум шуд, ки ӯ 22 декабр аз  вазъияти  оҷизонаи  писараки хурдсол Қ.К., соли таваллудаш 2007, хонандаи  синфи  1-уми ҳамин мактаб, истифода бурда, бо тариқи зӯроварӣ дар оғилхонаашон нисбати ӯ ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0