Ба Узбакистон биёед: тоҷиконро ба ҷашнвораи матои анъанавӣ даъват карданд

© Фото : пресс-служба президента РТТаджикские женщины в одежде из атласа
Таджикские женщины в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ибодулло Машраб бо намояндаи ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат дидор кард

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ хонум Криста Пиккат Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷашнвораи байнулмилалии матои анъанавӣ даъват кард.

Ин ҷашнвора дар шаҳри Марғелони Узбакистон баргузор мешавад.

"Хонум Криста Пиккат Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалии матои анъанавӣ, ки дар шаҳри Марғелони Узбакистон баргузор мегардад, даъват намуд", — омадааст дар хабарнома.    

Муовини вазири фарҳанг Ибодулло Машраб хонум Криста Пиккатро ба Тоҷикистон хушомадед гуфт ва дар бораи мероси торихиву фарҳангӣ, ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон гуфт.

Ҷашнвораи атлас дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чакан, чавгон ва атлас: меросҳои фарҳангии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО мераванд

"Шашмақом" ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардида, аз ҷониби ин созмон чун шоҳкори мусиқии ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ибодулло Машраб дар бораи ҷашни Наврӯз, хӯроки миллӣ оши палав,  фалак, чакан ва бозии чавгон низ гуфт.

Хонум Криста Пиккат гуфт, ки дар интизори меросҳои ҷадид аст.

"Байни рушд ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ тавозун бояд бошад", — гуфт ӯ.
Криста Пиккат Тоҷикистонро барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии матои суннатӣ, ки дар шаҳри Марғелони Узбакистон баргузор мегардад, даъват кард.

Раиси Конуни оҳангсозони Тоҷикистон Хуршед Низомов ки дар ин дидор ширкат дошт, дар бораи тарҳҳои нав —  ҷашнвораи "Мусиқӣ бар зидди теруризм" ва таҳияи "Феҳристи мероси ҳифзшавандаи торихии Тоҷикистон" маълумот дод.   

Лентаи хабарҳо
0