Ғизои мактаббачагони тоҷик яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон эътироф шуд

© Фото : WFP / Emma KhachatryanДети в школьной столовой, архивное фото
Дети в школьной столовой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Китоби нумунаҳои ғизои мактаббачагони тоҷик, се ҷоизаи байналмилалиро сазовор шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Китоби нумунаҳои ғизои мактабҳои Тоҷикистон, ки бо сарпарастии  Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ  мунташир шудааст, дастури беҳтарин дар ҷоҳон эътироф шуд.

Китоби таббохӣ   ҷоизаи  ҷаҳонии Gourmand World Cookbook Awards  ба даст овард.  Маросими ҷоизасупорӣ дар Чин баргузор шуд. Дар озмун зиёда аз 200 кишвар иштирок доштанд.

Кӯдакони тоҷики вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия барои ғизои мактаббачагони тоҷик $6,6 миллион медиҳад

Илова бар ин, китоби мазкур  дар  гурӯҳи "Бехатарии озуқавроӣ" низ ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Дастури таббохӣ соли 2016 дар  ҳамкории Вазорати тандурустӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон мунташир шудааст. Китоб аз 200 саҳифа иборат буда, дар он дар бораи 127 намуд хӯрокҳои миллии тоҷикӣ маълумот дода мешавад.

Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ калонтарин ташкилоти башардӯстона мебошад, ки ҳамасола наздики  4 миллион тонна ёрии гуманитарӣ  мерасонад. Барнома соли 1963 дар низоми СММ созмон дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0