Русия барои ғизои мактаббачагони тоҷик $6,6 миллион медиҳад

Обуна шудан
Ҳукумати Русия дар солҳои 2017-2019 аз ҳисоби буҷаи федеролӣ барои ғизои кӯдакони макотиби Тоҷикистон 6,6 миллион доллар ҷудо мекунад

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik.  Қарор дар бораи ҷудо намудани то 6,6 миллион доллар барои ғизои кӯдакони Тоҷикистон дар портали расмии маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Ҳамин тавр, санади ҷудо намудани  то 5,1 миллион аз ҷониби Барномаи Умумиҷаҳонии Хӯроки СММ барои маблағгузории хароҷоти вобаста ба амалӣ намудани марҳилаи дуюми лоиҳаи рушди низоми пешниҳоди хӯрок дар мактабҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, дар соли 2017 — то 1,1 миллион $ дар соли 2018 сол — то 2 миллион $ дар 2019 — ва то 2 миллион $-ро дар назар дорад.

Донишҷӯёни тоҷик дар Томск. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имсол 600 квота: озмун барои таҳсили буҷавӣ дар Русия оғоз шуд

Илова бар ин, то ба 1,5 млн $ ба Хазинаи байналмилалии  рушди кишоварзӣ ҷиҳати маблағгузории хароҷоти вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ ба дастгирии деҳқонон маҳаллӣ, оид ба рушди низоми ғизоӣ дар мактабҳои  Тоҷикистон ҷудо мешавад. 

Аз ҷумла дар соли 2017-то 1,1 миллион доллар, соли 2018-то 2 миллион ва соли 2019-ҳамчунин 2 миллион долллар ҷудо мешавад.

Вазорати молияи Русия дар якҷоягӣ бо ВКХ бояд тарзи интиқоли маблағро бо Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ ва Бунёди байналмиллалии рушди кишоварзӣ муҳокима намоянд.

Лентаи хабарҳо
0