Русия масъалаи осонсозии дарёфти шаҳрвандиро дубора матраҳ мекунад

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкУполномоченная по правам человека в России Татьяна Москалькова, архивное фото
Уполномоченная по правам человека в России Татьяна Москалькова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази иттилоъоти “Россия сегодня” нишасти расонаӣ бо ширкати додовари ҳуқуқи башар дар Русия Татяна Москалкова баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik, Лев Рыжков. Додовари ҳуқуқи башар дар Русия Татяна Москалкова дар ин нишаст аз соли гузашта натиҷагирӣ кард. Дар ҳошияи ин нишаст хабарнигори Sputnik ба вай мусоҳибаи кӯтоҳе кард:

- Татяна Николаевна, оё шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ аз Шумо ёрӣ мехоҳанд?

— Ҳама муроҷиатҳо аз сӯи шаҳрвандони ин кишварҳо ба маворили нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон аст. Бештар ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳое нақз мешавад, ки узви ин иттиҳодия нестанд. Вале шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё имтиёзҳои бисёре дар заминаи корёбӣ шудаанд. Онҳо бе саҳмияву муҷаввизи кор ҳам метавонанд машғул ба кор шаванд. Аз ин шаҳрвандон дигар камтар шикоят дарёфт мекунем.

Работа маршрутных такси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дур шудани муҳоҷирон аз пушти фармони нақлиёти умумии Русия мусофиронро саргардон кард

- Ҳоло мушкили аслии муҳоҷирон чист?
Муҳоҷирон бештар масъалаи дарёфти шаҳрвандии Русияро пайгирӣ мекунанд. Муҳоҷирон мехоҳанд, ки шаҳрвандии Русияро осонтар дарёфт кунанд. Ин масъала ҳануз ҳалли худро наёфта, зеро давлати Русия масъулиятҳои иҷтимоъии рӯянда аз эътои шаҳрвандӣ ба хориҷиёнро баррасӣ дорад.

Ҳар тасмиме, ки гирифта мешавад, масъулияте дар пай дорад. Ин масъулиятҳои иҷтимоӣ ки гуфтем, ҳазинаҳое дар заминаҳои омӯзишу парвариш, пизишкиву дармон ва дигар умури иҷтимоъӣ мебошанд. Аз инҷост ки раванди дарёфти шаҳрвандӣ ташрифоте чун дарёфти муҷаввизи иқомати муваққат (РВП) ва муҷаввизи иқомати доим (вид на жительство) дар миён дорад.

- Ҷуз аз дарёфти шаҳрвандӣ, дигар чӣ масъалаҳое ба назар мерасанд?

- Масоили додгоҳие чун боздошт ва эъломи иттиҳом, ки муҳоҷирон наметавонанд вакили мудофеъ бигиранд, чун хадамоти онҳо гарон аст.

Лейтенант полиции проверяет документы у мигрантов - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз авф: Медведев ҷаримаи маъмурии муҳоҷиронро зиёд мекунанд

Бисёр муроҷиатномаҳое, ки ба мо мерсанд бо мамнуъулвуруд ва ё ихроҷ шудан аз Русия вобаста аст. Муҳоҷирон хоҳиш мекунанд, ки онҳоро аз қаламрави Русия ихроҷ накунанд.  Муҳоҷироне ки қавонини буду бошро вайрон кардаанд, бо қарори додгоҳ аввал ба марказҳои махус равон карда мешаванд ва аз он ҷо ихроҷ карда мешаванд. Бисёре аз ин гуна муҳоҷирон дар Русия бо хонаводаҳояшон иқомат мекунанд.

Ман аз хадамотҳои дахлдор дархост мекунам, ки ин гуна муҳоҷиронро аз Русия ихроҷ накунанд. Барои он, ки ин онҳоро ба кишваре, ки дар он ҷо на хонаву дару кору бор доранд, равон кардан, беадолатист.

Онҳо ин ҷо ҳам оила ва ҳам кор доранд. Бояд ҳаҷми ҷаримаро зиёдтар кард ва ҷавобгарии маъмуриро нисбати ин гуна муҳоҷирон сахттар кард, аммо ихроҷашон накард.

— Дар ИМА кӯдаке ки дар қаламрави он кишвар таваллуд мешавад, худ ба худ шаҳрванди он мешавд. Дар Русия низ ҳамин гуна қонун ҳаст?

— Вақте ки яке аз волидони кӯдак шаҳрванди Русия аст, дарёфти шаҳрвандӣ мушкил нест. Аммо агар ҳар ду шаҳрванди хориҷӣ бошанд, дарёфти шаҳвандии Русия ба гунаи худ ба худ имконпазир намешавад.

Аз нуқтаи назари маънавиву иқтисодӣ, кӯдак то 18-солагӣ бояд шаҳрванди ҳамон кишваре бошад, ки падару модараш шаҳрвандии онро доранд.

Лентаи хабарҳо
0