Пас аз авф: Медведев ҷаримаи маъмурии муҳоҷиронро зиёд мекунанд

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкЛейтенант полиции проверяет документы у мигрантов
Лейтенант полиции проверяет документы у мигрантов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи лоиҳаи қонун ҳаҷми ҷаримаи маъмурӣ барои муҳоҷирон то - 5 ҳазор рубл, барои шахсони мансабдор – то 50 ҳазор ва барои шахсони ҳуқуқӣ то – 500 ҳазор рубли русӣ муқаррар шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Сарвазрии Русия Дмитрий Медведев ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи зиёд кардани ҳаҷми ҷаримаи маъмуриро, зимни ҳуҷҷатгузории нодурусти шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани шаҳрвандӣ пешниҳод кард.

"Ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба моддаи 18.9 Кодекси ФР дар бораи ҷаримаи маъмурӣ" пешниҳод шавад",-омадааст дар матни хабар.

Мувофиқи лоиҳаи қонун ҳаҷми ҷаримаи маъмурӣ барои муҳоҷирон то — 5 ҳазор рубл, барои шахсони мансабдор  - то 50 ҳазор ва барои шахсони ҳуқуқӣ то — 500 ҳазор рубл русӣ муқаррар шудааст.

Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хулосаи авф: Русия 102 ҳазор муҳоҷири тоҷикро "бахшид"

Айни замон ҳаҷми ҷаримаи маъмурӣ барои муҳоҷирон то  4 ҳазор рубл, барои шахсони мансабдор то  — 30 ҳазор рубл  ва барои шахсони ҳуқуқӣ то — 300 ҳазор рубл буд.

Қайд мешавад, ки тағйирот бо мақсади таъмини амнияти русия қабул мешавад.

102 ҳазор муҳоҷири тоҷик расман дар Русия авф шуданд.

Амалиёти аз "рӯйхати сиёҳ" баровардани муҳоҷирони тоҷик аз 24 март то 24 апрел давом кард.

Дар амалиёти авф ду гурӯҳи муҳоҷирон-нафароне, ки бобҳои 4 ва 8 моддаи 26 қонуни федеролӣ "Дар бораи ворид ва берун шудан аз қаламрави ФР"-ро вайрон кардаанд, дохил шуданд.

Ба қавли коршиносон ба ин ду гурӯҳ 170 ҳазор муҳоҷир шомил шуд ва дар воқеъ дар давоми як моҳ имкон набуд, ки ҳамаи онҳоро аз "рӯйхати сиёҳ" бароранд.

Лентаи хабарҳо
0