Зани соҳибкор ду мардро фиреб дода пулашонро аз худ кардааст

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як зани соҳибкор, ки дар бозори “Корвон” тиҷорат мекунад, ду мардро фиреб дода пулашонро гирифтааст

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Бино ба иттилоъи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ин зан аз хушбоварии вомдиҳандаҳо суъистифода карда, пулашонро пас надодааст.

"Ӯ се сол пеш аз марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе 9 ҳазор дулор ва шаш сол қабл аз марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ 8 ҳазор дулор гирифтаву дигар пас надода аст", — гуфта мешавад дар хадари ВКД.

Ҳамчунин як марди 30-сола аз ноҳияи Данғара низ ба мақомоти интизомӣ шикоят бурда, ки моҳи сентябри соли 2016 се нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд 4200 дулори ӯро гирифта, бо ҳар сабабу баҳона бозпас намегардонанд.

Аз рӯи ин далелҳо парвандаҳо оғоз шуда, бозҷӯӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0