ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷа аз 30 май то 1 июн дар шаҳри Душанбе нишасти коргурӯҳи ҳуқуқии ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.
Дар ин нишаст масъалаи аломатгузории марзи миёни ду кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои баҳсбарангез, баррасӣ шуд.
Дар анҷоми ин дидор тарафҳо Суратҷаласаи аломатгузории марзро имзо карданд. Ҷузъиёти бештаре аз ин нишаст ва натоиҷи он мунташир нашудааст.
Коршиноси рус, муовини роҳбари донишгоҳи ИДМ Владимир Евсеев гуфт, ки монеаи асосӣ барои наздикшавии Тоҷикистону Узбакистон — истифодаи нооқилонаи об аст.