Саймуъмин Ятимов: Тоҷикистон дар миёни Русия ва Урупо нақши "минтақаи ҳоил"-ро дорад

© SputnikПредседатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳар моҳ размоишҳои пайкор бо теруризмро баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Созмонҳои амниятии Тоҷикистон ҳар моҳ размоишҳои пайкор бо теруризм баргузор мекунанд, аз ҷумла дар марз бо Афғонистон амалан ҳар рӯз чунин тамринҳое анҷом дода мешаванд, гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов.

"Тоҷикистон бо Афғонистон 1425 килуметр марз дорад… Мо захоиру манобеъи аслиро барои мубориза бо теруризм ва қочоқи маводи мухаддир ба кор гирифтаем ва аз уҳдаи ин маъмурият бар меоем. Мо дар Тоҷикистон ҳар моҳ размоиш баргузор мекунем, чунончи, дар марз бо Афғонистон амалан ҳар рӯз чунин тамринҳое анҷом медиҳем", — гуфт Ятимов.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҳамсуд, Русия ва Урупо нақши "минтақаи ҳоил"-ро дорад.

"Аз онҷое ки теруризм ва қочоқи маводи мухаддир бар амнияти байналмилал таҳдид мекунанд, ҳадафи аслӣ аз баргузории ин размоишҳо тамрини ҳамкуниши нерӯҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба сар задани буҳрон аст. Ин чораҳо бояд нисбат ба он хирасароне, ки мехоҳанд аз марзи кишвар гузашта амалиёти ҳаросафканӣ анҷом диҳанд, ҷанбаи пешгирона дошта бошанд", — гуфт раҳбари ниҳоди амниятии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар қаламрави шаш кишвари ИДМ марҳилаи нахусти размоиши зиддитеруристии "Душанбе — Антитеррор — 2017" баргузор шуда буд. Марҳилаи дувуми он аз 31 май то 1 июн дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0