ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Кормандони нерӯҳои интизомӣ дар колеҷи муҳандисиву омӯзгорӣ ҳамроҳ бо устодону шогирдони ин омӯзишгоҳ роҳҳои пешгирӣ аз қонуншикании ҷавононро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати дохилаи ҶТ, сарҳанги милиса Абдураҳим Раҳимзода дар ин дидор гуфт, ки ҳарчанд зиндагӣ орому осуда аст, вале наврасону ҷавонон қонуншиканӣ мекунанд, ки нигаронкунанда аст.
"Ҷавонон дар 4 моҳи соли равон 1846 бор қонуншиканӣ кардаанд. Дар ин миён 15 мавридро донишҷӯён содир кардаанд", — гузориш дод сарҳанг Раҳимзода.
Коршиносон аз пайомадҳои муноқишаҳои гурӯҳии донишомӯзону ҷавонон, таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар омӯзишгоҳои хориҷӣ ва ширкаташон дар набардҳои мусаллаҳонаи дар кишварҳои бегона ёдоварӣ карданд.
Ширкаткунандагон дар ин нишаст қонуншикании ҷавононро дар роҳҳо ва ҳамчунин даст доштанашон дар қочоқи маводи мухаддир ва эътиёд ба ин маводро маҳкум карданд.
Раванди бозгардони толибилмони тоҷик аз мадрасаҳои хориҷӣ аз поёни моҳи августи соли 2010, дар пайи як суханронии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шуруъ шуд, ки аз волидайн аз ин мадрасаҳо баргардондани фарзандонашонро тақозо карда буд. Дар пайи он садҳо тан аз ҷавонони тоҷик аз мадориси динии Покистон, Эрон ва кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Ба иттилоъи Кумитаи дин, аз 3054 нафар ҷавононе, ки дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, 2896 тан аз онҳо ба кишвар баргардонида шудаанд.