Дар хориҷа 158 тоҷикистонӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ мегиранд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкМадраса. Акс аз бойгонӣ
Мадраса. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин ҷавонон дар марҳилаи синусоли ҳассос қарор доранд ва имкони ба гурӯҳҳои тундгароиву террористӣ пайвастанашон бештар аст.

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар таълимгоҳҳои динии кишварҳои исломӣ 158 нафар ҷавонони тоҷик ба таври ғайрирасмӣ таҳсил доранд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Масъулини кумита мӯътақиданд, ки ҷавонон талаботи зиёд барои таъмини модии худ доранд ва аз ҳар самте барои ба даст овардани маблағ метавонанд истифода кунанд, яъне сабаб танҳо омили эътиқодӣ нест. Ба гуфти Абдураҳим Холиқзода, агар як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик ба ҷангҳо дар хориҷи кишвар аз Русия сафарбар шаванд, гурӯҳи дигар онҳое ҳастанд, ки барои таҳсил ба кишварҳои хориҷ рафта, ба омӯзиш фаро гирифта намешаванд ва ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд.

Масъулини Кумитаи дин як омили аслии ширкати ҷавонон дар ҷангҳои хориҷ ва воридшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъро дар беназорат мондани онҳо аз сӯи волидон дар марҳилаи ҳассоси синусолӣ мебинанд.  

Раванди бозгардони толибилмони тоҷик аз мадрасаҳои хориҷӣ аз поёни моҳи августи соли 2010, дар пайи як суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд, ки аз волидайн аз ин мадрасаҳо баргардондани фарзандонашонро тақозо карда буд. Дар пайи он садҳо тан аз ҷавонони тоҷик аз мадориси динии Покистон, Эрон ва кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Ба иттилои Кумитаи дин, аз 3054 нафар ҷавононе, ки дар таълимгоҳҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, 2896 нафари онҳо ба кишвар баргардонида шудаанд. 

Лентаи хабарҳо
0