ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бар асоси Кодекси ислоҳшудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҳафтаи гузашта ҳукми иҷро гирифт, аз ин пас ҷаримаҳо барои рекламаи машрубот, сигор ва ё ҳатто нос, ки як навъи тамокуст, бузургтар мешаванд, менависад Радиои Озодӣ.
Масалан то соли 2013 ва бар асоси кодекси пешина, агар шахси мансабдоре ягон навъи машруботро чӣ дар телевизион, чӣ радио ва ё нашрияе реклама мекард, додгоҳ метавонист ӯро бар асоси кодекси пешина аз 3200 то 4000 ҳазор сомонӣ ҷарима кунад.
Вале дар Кодекси нав ҳаҷми ҷаримаро бузургтар, яъне "аз 120 то 180 нишондиҳанда барои ҳисобҳо" таъйин кардаанд, ки аз 4800 то 7200 сомониро ташкил медиҳад. Шахсони ҳуқуқие, ки мухолифи қонун рафтор карда ва дар байни аҳолии Тоҷикистон шаробу маҳсулоти тамокуро тарғиб мекардаанд, метавонанд бар асоси амри додгоҳ то 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шаванд.
Як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки масъули риояи қонунҳо дар бораи реклама аст, рӯзи 19-уми август гуфт, ки бо вуҷуди он ки дар кишвар бар асоси Қонун дар бораи реклама таблиғи машруботу сигор мамнӯъ аст, вале ҳанӯз ҳам тарғиби ин мол мушоҳида мешавад. Вай гуфт, ҳанӯз ҳам баъзе шаҳрвандон аз надонистани қонун ва ё бо сабаби дигар ба тарғиби машрубот ва ё маҳсулоти тамоку машғул мешаванд ва барои ҳамин қонунро сахттар карданд.
Ба гуфтаи мусоҳиби Озодӣ, гурӯҳи корие сари ислоҳот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ машғул буд, ки аксари тағйироти ворида ба он ба реклама робита дорад. Санади мазкур тобистони имсол дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд ва онро Маҷлиси миллӣ охири моҳи июл тасвиб кард ва бо имзои раиси ҷумҳур ин санад ҳукми иҷро гирифт.
Дар Тоҷикистон аз соли 2003 бар асоси Қонун дар бораи реклама, тарғиби машрубот тавассути телевизиону радио ва дигар расонаҳоро мамнӯъ шудааст ва, ба гуфтаи Шералӣ Ҷӯрабоев, мудири Sky Central Asia Tajikistan, яке аз оҷонсиҳои рекламавӣ дар Душанбе, муассисаҳои рекламавӣ бо риояти ин қонун амал мекунанд. Дар сӯҳбат бо Озодӣ Ҷӯрабоев гуфтааст, изҳороти мақомот дар бораи вуҷуди рекламаи машрубот ё тамоку асос надорад.
"Аз мақомоти Оҷонси зиддимонополӣ пурсед, канӣ намуна биёранд. Оҷонси зиддимонополии мо худаш дар ҷои холӣ зуд-зуд мушкилӣ месозад. Ин аз рӯи баднафсии онҳост ва ман инро рӯирост ба худашон гуфтам ва метавонам собит кунам. Аз онҳо далел пурсед, протокол пурсед, ки нишон бидиҳанд. Он чӣ ки онҳо мегӯянд, сухани холист", — гуфтааст Ҷӯрабоев.
Боло бурдани ҳаҷми ҷарима дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ним соли гузашта истеҳсоли "пиво" ё оби ҷав, "коняк", "ликер" ва шароб бисёр кам шудааст. Бино ба иттилои нави Оҷонсии омор, дар ин муддат дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор декалитр арақ ва маҳсулоти спиртӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 40 дарсад камтар мебошад. Инчунин, истеҳсоли оби ҷав нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 дарсад камтар будааст.
Соли 2013 Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон Маркази савдои техника "Волна"-ро барои он ҷарима баст, ки дар таблиғи мошинаи ҷомашӯӣ аз сифати "тӯҳфаи беҳтарин" кор бурдааст. Дар он сол "Ҷаҳоннамо", Шабакаи аввал, телевизиони "Сафина", радиои ҷумҳурӣ ва "Cадои Душанбе"-ро аз ҷумла барои рекламаи беасос ҳудуди 48 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.