Таблиғи сигор ва машруботи алкулӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкЗапрет на курение, архивное фото
Запрет на курение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қонунгузорони Тоҷикистон реклама ё огаҳирасонии бозаргонии алкул ва сигорро мамнуъ карданд

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзӣ пешнависи чанд қонунро баррасӣ ва тавсиб кард, ки яке аз онҳо Қонун "Дар бораи реклама" аст.

Бар асоси қонуни тозатасвиб, тавлидкунандагони сигору нӯшокиҳои алкулӣ аз ин пас наметавонанд сармоягузори огаҳирасонӣ ё барномаву маросиме бошанд.

Ин қонун ҳамчунин ҷой додани ҳаргуна огаҳии бозаргонии тамоку ва алкул дар барномаҳои родюву телевизионро хоҳ давлатӣ бошанд ва хоҳ хусусӣ, манъ кардааст.

Ба дигар сухан, аз ин пас ҳаргуна огаҳирасонӣ аз фаровардаҳои тамокуӣ ва алкулӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст.

Афзун бар ин, давлати Тоҷикистон ҳамакнун Қонуни маҳдуд кардани масрафи тамокуро баррасӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0