ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik, Дмитрий Матвеев. Кишвардори Амрико дар нахустин сафари расмӣ аз Арабистони Саудӣ, Исроил, Белгия, Итолиё ва Ватикан боздид кард.
Трамп дар Нахустин нишасти кишварҳои мусулмоннишин ва Амрико ширкат кард ва бо сарони кишварҳои узви "Ҳафтгонаи бузург" дидор кард.
Ҷолиб ин аст, ки ҳамсари зебои Трамп чунон таваҷҷуҳи расонаҳоро ба худ ҷалб кард, ки дастовардҳои Трамп аз ин сафар зери соя рафт.
Зебосанами балканӣ бо рангҳои олмонӣ
Мелания Трамп соли 1970 дар шаҳри Ново-Место дар қаламрави Словения (қаблан Югославия) ба дунё омадааст. Ин кишвари славнишин дар шимоли нимҷазираи Балкан ҷой дорад. Словения садсолаҳо бо кишварҳои ҳамсояаш, ки бо ҷаҳони славянӣ рабте надоранд — Австрия ва Итолиё равобити қавӣ дошт. Аз ин рӯ, аз ҳамсояҳояш "ранг" гирифтааст. Бархе аз шаҳру вилоятҳои Словения номҳои торихии олмонӣ низ доранд: масалан, номи пойтахташ Люблана ба забони олмонӣ Лайбах аст.
Аз инҷост, ки номи хонаводаи падарии Мелания чанд гуна навишта мешавад — гоҳе Кнавс (ба забони словенӣ) ва гоҳе Кнаусс (ба олмонӣ).
Ҳамсари ояндаи Трамп муддате дар риштаи "меъморӣ ва тарроҳӣ" дар Донишгоҳи Люблянск таҳсил карда, вале онро ба поён набурдаву ба шаҳри Милан кӯчида буд.
Дар Милан буд Мелания чун мудел ном баровард. Соли 1999 вай дар Ню-Йорк бо Доналд Трамп шинос шуда буд. Онҳо соли 2005 пайванди ҳамсарӣ бастанд. Мелания 23 сол аз Доналд Трамп хурдтар аст.
Сиёсати бузург аз ҷаззобият роҳ мегирад
Ҳар рӯзе аз сафари расмии Трамп ҳамсари ӯ таваҷҷуҳи расонаҳо ва сиёсатмадоронро ба худ ҷалб мекард.
Расонаҳои ҷаҳонӣ ҳамарӯза дар бораи пӯшоки Мелания Трамп гузориш медоданд ва ҳамчунин дар бораи ин ки чаро ду бор дасташро ба шавҳараш надод, гумоназанӣ мекарданд.
Ба гуфти мудири Пажӯҳишгоҳи мутолеъоти сиёсӣ Сергей Марков, имрӯз сиёсати бузург тавассути ҷаззобияти ҷисмонӣ рақам мехӯрад.
"Мардум ҳам ба падидаҳое чун дастфишорӣ ва аз дасти ҳамсар гирифтан ё нагирифтан таваҷҷуҳ доранд. Онҳо диққат медиҳанд, ки оё ҳамсар ба раисҷумҳур даст дод ё не", — тавзеҳ дод ин сиёсатшинос.
Ба гумони вай, ҳамакнун ҷаҳон дар буҳрону ҳарҷу марҷ ғарқ шудан дорад.
"Сохторҳои ҷаҳонӣ бад кор мекунанд, кори СММ бад аст, НАТО бад кор мекунад, Иттиҳоди Урупо бад кор мекунад, СПАД — ҳам фаъолияти бад дорад. Дар чунин фазо шахсияти кишвардорон нақши аввалиндараҷа дорад. Ба хотири ин таваҷҷуҳи ҷомеа дар навбати авввал ба шахсияти раҳбарон ва афториёнаш аст", — афзуд Марков.
Сиёсатшинос бар он аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастфишории Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп, ки дар ин сабқат пирӯзиро ба раисҷумҳури Тоҷикистон доданд, низ аз ҳамин буҳрон реша мегирад.
Мелания Трамп худро бо пӯшидани либосҳои зебо намоиш медиҳад.
Ҳамсари Доналд Трамп ба хубӣ дарк мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шахсияти ӯ диққат медиҳад. Барои ҳамин Мелания худро хуб оро додаву кӯшиш мекунад намуди зоҳирии зебо дошта бошад.
Дар баробари ин Мелания усули махсуси либоспӯшӣ дорад.
"Нахуст ин ки ӯ бисёр зебо аст, дуюмаш ӯ сабки либоспӯшии худро дорад", — шарҳ дод Сергей Марков.
Коршинос афзуд, ки сабки либоспӯшии Меланя — муҳофизакоронаву боҳанҷор аст.
"Ӯ мисли ҳамсари раисҷумҳури ҷадиди Фаронса — Брижит Макрони 63 сола доманҳои кӯтоҳ ба бар намекунад. Вале вай ҳаргиз хаёл ҳам намекунад, ки дар либоси пирзанона, чун Ангела Меркел, дар дидорҳои расмӣ ширкат кунад. Ӯ муҳофизакорона, вале зебо либос мепӯшад", — таъкид кард сиёсатшинос.
Ба қавли Сергей Макров дар торих чунин шахсиятҳо зиёд нестанд.
"Ӯро метавон бо Жаклин Кеннеди (ҳамсари Ҷон Кеннеди, раисҷумҳури Амрико ки соли 1963 кушта шуда буд — виростор) муқоиса кард. Вале Жаклин дар баробари зебо буданаш фаъолияти иҷтимоъӣ низ дошт. Аммо Мелания то кунун аз дидгоҳи фаъолияти иҷтимоъӣ коре анҷом надодааст", — гуфт дар поён сиёсатшинос.