Эмомалӣ Раҳмон дар дастфишорӣ Доналд Трампро шикаст дод

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳои амрикоӣ ва Бритониё дар бораи шикасти Трамп дар дастфишурӣ аз Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дастфишории Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп корбарони фаъоли интернет ва расонаҳои кишварҳои хориҷро ба ханда овард.

Ду кишвардор дар ҳошияи нахустин Нишасти сарони кишварҳои мусулмоннишин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Арабистони Саудӣ дидор карданд.

Трамп бо дастфишории маҳками худ дар арсаи сиёсӣ машҳур аст, — навиштааст Sputnik Қирғизистон.

Трамп маъмулан шахси саломкунандаро ба тарафи худ кашида ӯро дар ҳолати ногувор мегузорад. Эҳтимолан, Эмомалӣ Раҳмон барои саломкунӣ бо Трамп пешакӣ омода шудааст, навиштаанд корбарони интернет.

"Шахсе, ки тавонист Трампро дар дастфишорӣ шикаст диҳад, ёфт шуд!", — мегӯяд бо шухӣ A_Imanaliev.

Ба дастфишории кишвардорон чанде аз ҳунармандони номдор ҳам диққат додаанд.

"Ман зӯрам. Не, ман зӯрам. Не, ман зӯрам. Ту зӯр. Ман ҳам зӯрам. Дидӣ, ман зӯрам",- навиштааст ҳунарманди номдори амрикоӣ Ҷеффри Райт.

"Акнун бояд Амрико ба Тоҷикистон ҷанг эълом кунад", — навиштааст муҳаррири сомонаи машҳур BuzzFeedBiz Том Гара.

"Дастфишории Трамп аз афташ аз рӯи нақша нест", — навиштааст Washington Post.

Лентаи хабарҳо
0