Фармондеҳи марзбонони Тоҷикистон аз авзоъ дар марз бо Афғонистон нигарон аст

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкТаджикские пограничники на таджикско-афганской границе. Архивное фото
Таджикские пограничники на таджикско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тамаркузи ҷангҷӯёни гурӯҳҳои теруристӣ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон нигаронкунанда аст

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Авзоъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамоно муташанниҷ аст, гуфт фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

"Ҷобаҷо шудани конунҳои фаъолияти теруристӣ аз вилоятҳои ҷанубии Афғонистон — Ҳилманд, Кандаҳор, Фараҳ, Пактиё ва Хӯст ба манотиқи ороми шимолӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла авзоъи сиёсиву низомии вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон — Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҳамоно муташанниҷ аст", — гуфт Раҳмоналӣ.

Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наздикии хатарнок: марзбонони тоҷик аз пешрафти Толибон нигарон шуданд

Вай ҳамчунин гуфт, дар паи муборизаи фаъоли нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ҷангҷӯёни гурӯҳҳои теруристии "Толибон", "Давлати исломӣ", "Ҳаракати исломии Туркистон", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "ал-Қоида" ва дигар гурӯҳҳое, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ аст, авзоъ дар он кишвар ҳамчунон печидаву пешбининопазир аст.

"Яке аз таҳдидҳои асосӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афзоиши қочоқи маводи мухаддир аст, ки даромад аз фурӯши он мавод яке аз манбаъҳои аслии даромади гурӯҳҳои теруристӣ дар ҳудуди Афғонистон ба ҳисоб меравад", — таъкид кард фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии ҶТ.

Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки аз аввали сол то кунун марзбонони тоҷик 32 мавриди марзшиканиро сабт карда, 11 бор бо қочоқчиёни маводи мухаддир мусаллаҳона даргир шудаанд, ки дар натиҷа 8 тан аз онҳо нобуд ва 5 кас боздошт шуда, беш аз 340 килуграм маводи мухаддир, 130 ҷангафзор аз онҳо ситонда шудааст.

Авзоъи Афғонистон дар моҳҳои ахир куллан рӯ ба бадтар шудан ниҳодааст. Гурӯҳи "Толибон", ки пештар бахше бузург аҳ минтақаҳои рустоиро гирифта, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳамла мекунад. Ҳамчунин, созмони теруристии "Давлати исломӣ" нуфузашро дар қаламрави ин кишвар густариш додааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки 28 май дар Тоҷикистон чун солгарди бунёди Нерӯҳои марзбонӣ ҷашн гирифта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0