ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ин нишаст бо суханронии раисҳои комисюн — вазири таробарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдусаттор Мурод оғоз гардид.
Бино ба иттилоъи хадамоти матбуъотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин ҷаласа иҷрои тавофуқот ва бандҳои протоколи панҷумин нишаст баррасӣ шуд ва дар арзёбии ҳамкории ду кишвар дар 3 соли охир таъкид гардид, ки равобити дӯстонаи ду кишвар дар ҳама арсаҳо рушди чашмгир доштанд.
"Ҳамкории ду кишвар густариши ҷиддӣ ёфт: тайи 4 моҳи аввали соли 2017 мубодилаи мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 қариб 2 баробар афзуд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи ВКХ ҶТ.
Ду кишвар дар ростои густариши ҳамкориҳо татбиқи барномаҳои бузург, аз ҷумла хутути интиқоли барқи КАСА-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро (ТАТ) оғоз кардаанд, ки "ба рушди ҳарду кишвар, бахусус Афғонистон, мусоидат намуда, нақши транзитии ду кишварро ҷиддан боло хоҳанд бурд".
Ба гузориши ВКХ ҶТ, дар ин нишаст ҳайъатҳои ду кишвар дар таркиби коргурӯҳҳои фаннӣ самтҳо, нукот ва иқдомоти мушаххаси ҳамкориро мавриди арзёбии мушаххас, муфассал ва дақиқ қарор доданд ва протоколи шашумин Комисюнро чун "санади фарогир ва муҳим таҳия намуданд". Чунончи, дар ин санад ба самтҳои авлавиятдор ва роҳбурдии ҳамкорӣ — энержӣ, роҳоҳан, таробарӣ, равобити фарҳангӣ, иҷтимоъӣ ва ҷанбаҳои татбиқӣ ва амалии барномаҳо ва иқдомоти ҳамкорӣ таваҷҷӯҳи хос сурат гирифтааст.